Декабр 16, 2020 13:26 Asia/Dushanbe
  • Даъват аз мардуми Тоҷикистон барои сарфаҷӯи дар масрафи барқ
    Даъват аз мардуми Тоҷикистон барои сарфаҷӯи дар масрафи барқ

Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи эъмоли дубораи маҳдудияти барқ дар сурати сарфаҷӯи накардани сокинони ин кишвар ҳушдор дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Спутник, Эмомалӣ Раҳмон дар нишаст бо ҳайати ҷадиди ҳукумат, раисони вилоятҳо ва шаҳрҳоу навоҳии ин кишвар дар Душанбе мавзӯи таъмини мардум бо барқ ва маводи ғизоиро мавриди баррасӣ қарор дод.

 

Вай гуфт: "Дар ҳоли ҳозир ба миқдори кофӣ об дар сади нерӯгоҳҳои барқ ба кишвар захира шудааст. Аммо бо фарорасии фасли сармо ва сарфаҷӯӣ накардан дар масрафи барқ эҳтимоли маҳдудияти дубораи он пеш хоҳад омад. Аз ин рӯ бояд дар миёни сокинони Тоҷикистон кори таблиғотӣ барои даъвати онон ба сарфаҷӯӣ дар масрафи барқ ташдид шавад. Ҳамчунин зарурат дорад, ки аз истифода аз васоили барқии пурмасраф дар хонаҳо, идорот ва созмонҳо ҷилавгирӣ шавад."

 

Мақомоти Тоҷикистон пас аз дуним моҳи маҳдудияти барқ дар ин кишвар аз рӯзи 10 декабр ба лағви ин маҳдудият иқдом карданд, ки акнун дар саросари ин кишвар мардуми 24 соат бо барқ таъмин шудаанд.
 
Қабл аз ин, ширкати давлатии Барқи тоҷик аз мардуми ин кишвар дархост кард то бо пардохти бамавқеи ҳазинаи барқ, сарфаҷӯиро ҳам дар дастури кори худ қарор диҳанд.

 

Бештар бихонед:

Барчасп