Декабр 20, 2020 21:15 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши 37 нафарии шумори беморони коронаӣ дар Тоҷикистон

Бо шиносоии 38 мавриди ҷадиди ибтило ба Ковид-19 дар Тоҷикистон шумори ин беморон ба 12 ҳазору 960 нафар расид.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, шумори ҷонбоххтагони Ковид-19 дар ин кишвар то соати 19 шомгоҳи рӯзи якшанбе 20 декабри соли 2020 бидуни афзоиш ҳамон 89 нафари қаблӣ аст.

Аз 12 ҳазору 960 бемори гирифтори Ковид-19 дар Тоҷикистон токунун 12 ҳазору 413 нафар беҳбуд ёфтаанд.

Дар шабонарӯзи гузашта 39 бемори коронаӣ низ аз бемористонҳои Тоҷикистон мураххас шудаанд.

Барчасп