Декабр 20, 2020 21:27 Asia/Dushanbe
  • Камбуди таҷҳизоти пешрафтаи пизишкӣ ва озмоишгоҳӣ дар Тоҷикистон
    Камбуди таҷҳизоти пешрафтаи пизишкӣ ва озмоишгоҳӣ дар Тоҷикистон

Муовини аввали вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон камбуди таҷҳизоти пешрафтаи пизишкӣ ва озмоишгоҳӣ дар ин кишварро мушкили умдаи марокизи дармонӣ унвон кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Спутник, Ғафур Муҳсинзода дар маҷлиси намояндагони Тоҷикистон гуфтааст, ки баррасии авзоъ дар шароити густариши Ковид- 19 нишон дод, ки марокизи дармонии ин кишвар бо камбуди таҷҳизоти пешрафтаи пизишкӣ ва озмоишгоҳӣ рӯ ба рӯ мебошанд.

Вай таъкид кардааст, ки дар теъдоди зиёде аз бемористонҳои Тоҷикистон ҳанӯз ҳам таҷҳизоти даврони шуравиро мавриди истифода қарор медиҳанд, ки  бо усули пешрафтаи пизишкии муосир ҳамхонӣ надоранд.
 
Набуди озмоишгоҳҳои ҷадид низ мушкили дигар бахши тандурустии Тоҷикистон мебошад, ки мӯҷиби ироаи хадамоти бидуни кайфият ба маризон мегардад.

Вай аз намояндагони маҷлиси қонунгузории Тоҷикистон дархост кард, ки тарҳи созшномаи кумаки ройгони 5 миллиону 800 ҳазордлларии ҳукумати Ҷопон барои хариди таҷҳизоти мавриди ниёзи бахши тандурустиро тасвиб кунанд.

Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон низи ин созшномаҳро тасвиб кард, ки бар асоси он ҳукумати Ҷопон ба ин маблағи таҷҳизоти мавриди ниёзи марокизи  дармонии Тоҷикистонро таъмин хоҳад кард .

Барчасп