Декабр 23, 2020 12:26 Asia/Dushanbe
  • Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бештар дуздии нерӯи барқро нонвойхонаҳо, ҳаммом ва қаҳвахонаҳо медонад
    Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бештар дуздии нерӯи барқро нонвойхонаҳо, ҳаммом ва қаҳвахонаҳо медонад

Кормандони Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ҳангоми таҳқиқ ва тафтиши марокизи бахши хусусӣ бештарин мавриди дуздии барқро дар ҳаммомҳо, нонвойхонаҳо ва қаҳвахонаҳои шаҳри Душанбе ифшо кардаанд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон, дар як маврид мушаххас шудааст, ки дар як ҳаммоми хусусӣ дар кӯчаи Ҳувайдуллоев молики он чанд шуморишгари хароби барқ насб карда ва дар табақаи дувуми ин сохтимон 17 донишҷӯи иҷоранишин ҳастанд, ки васоили гармоишии утоқҳои онон бо симҳои хориҷ аз шуморишгар фаъолият мекунад.

Дар кӯчаи Қазоқон дар ғарби шаҳри Душанбе низ молики нонвойии хусусӣ барои пухти нон дар ду танур аз таҷҳизоти барқӣ истифода мекунад, ки ҷудо аз шуморишгар симкашӣ шудаанд ва бояд маблағи 5 ҳазор сомонӣ ҷарима пардохт кунанд.

Дар мавриди дигар дар кӯчаи  Алишер Навоӣ низ молики нонвойӣ барои истифода аз таҷҳизоти пурмасрафи барқӣ ба маблағи 10 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст.

Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон таъкид кардааст, ки дар теъдоди зиёде аз қаҳвахонаҳои шаҳри Душанбе мавридҳои монанди дуздии барқ ифшо ва моликони ин марказҳо ба пардохти ҷарима маҳкум шудаанд.

 

 
Дар Тоҷикистон барои шиддат ёфтани назорат бар масрафи барқи ситоди вижаи кишварӣ таъсис шудааст, ки намояндагони Вазорати корҳои дохила, додситонии кулл, комитети давлатии амнияти миллӣ, ожонси давлатии мубориза бо фасоди молӣ, ширкати давлатии  Барқи тоҷик ва комитетҳои давлатии умури занон ва хонивода ва варзишу ҷавононро шомил мешавад.

Яке аз вазоифи ин ситод ифшосозии сирқати барқ, шиносоии  қарздорони бузурги барқӣ ва даъват аз мардум барои сарфаҷӯӣ дар масрафи барқ аст.

 

Бештар бихонед:

Барчасп