Эҳтимоли маҳдудияти барқ дар шаҳри Хоруғ
Раиси вилояти Бадахшон барои танзими интиқоли барқ дастур додааст, ки барқи шаҳри Хоруғ маркази ин минтақаро низ дар сурати зарурат маҳдудият кунанд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Тоҷ Вик, Ёдгор Файзов бо ишора ба шиддат ёфтан буҳрони камбуди барқ дар вилояти Бадахшон гуфтааст, ки дар сурати идомаи ин вазъи маҳдудияти барқ дар шаҳри Хоруғ маркази вилоят низ матраҳ мешавад.
Вай таъкид кардааст: «Дар баъзе аз ноҳияҳои вилояти Бадахшон ҳафтаи қабл мардум то 3 рӯз барқ надоштанду ҳатто имкони шорж кардани телефонҳои ҳамроҳ вуҷуд надошт. Аз ин рӯ мудирияти ширкати барқи Бадахшон бояд барои ислоҳи ин вазъ тадбирандешӣ кунад то дар фасли сармо дар ин минтақаи сардсер мардум аз сармо ва бебарқӣ азият нашаванд.»
Вилояти Бадахшон дар 10 соли маҳдудияти барқ дар Тоҷикистон танҳо минтақае буд, ки шомили ин маҳдудият намешуд.
Бо ин ҳол акнун дар аксар аз ноҳияҳои вилояти Бадахшони маҳдудияти барқ оғоз шудаасту масъулони ширкати барқи минтақа иллати ин маҳдудиятро дамои 35 дараҷаи зери сифр ва коҳиши об дар сади нерӯгоҳҳои барқӣ- обӣ унвон мекунанд.
Ба гуфтаи Шоҳфозил Шоҳназаров масъули идораи тавзеи барқи Бадахшон кам шудани об имкони фаъолияти турбинҳои нерӯгоҳҳои барқи обиро то 80 дарсад фароҳам месозад, ки ин мушкил роҳе ба ғайр аз маҳдудияти барқ намегузорад .