Декабр 27, 2020 21:03 Asia/Dushanbe
  • Шиносоии 33 бемори ҷадиди Ковид-19 дар Тоҷикистон
    Шиносоии 33 бемори ҷадиди Ковид-19 дар Тоҷикистон

Бо шиносоии 33 мавриди ҷадиди мубталоён ба Ковид-19 дар Тоҷикистон дар шабонарӯзи ахир теъдоди умумии беморон дар ин кишвар ба 13 ҳазору 205 нафар расид.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз маркази матбуотии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи аҳолии Тоҷикистон, бо шиносоии 33 бемори ҷадиди Ковид-19 дар кишвар, шумори ин беморон дар рӯзи якшанбе 27 декабри соли 2020 ба 13 ҳазору 205 нафар расид.

Шумори ҷонбохтагони Ковид-19 дар Тоҷикистон низ бидуни афзоиш ҳамон 90 нафари қаблӣ аст.

Аз 13 ҳазору 205 бемори гирифтори Ковид-19 дар Тоҷикистон токунун 12 ҳазору 692 нафар беҳбуд ёфтаанд.

Дар шабонарӯзи гузашта 35 бемори короноӣ низ аз бемористонҳои Тоҷикистон мураххас шудаанд.

Барчасп