Рустами Эмомалӣ ваъдаи эҷоди 23 ҳазор шуғли ҷадид дод
(last modified Tue, 29 Dec 2020 07:51:30 GMT )
Декабр 29, 2020 12:51 Asia/Dushanbe
  • Соли 2021 дар Тоҷикистон беш аз 4000 маркази истеҳсолӣ ва хидматрасонӣ фаъол хоҳад шуд
    Соли 2021 дар Тоҷикистон беш аз 4000 маркази истеҳсолӣ ва хидматрасонӣ фаъол хоҳад шуд

Шаҳрдори Душанбе эълом кард, ки дар соли ҷадиди 2021 барои сокинони пойтахти Тоҷикистон беш аз 23 ҳазор фурсати шуғлӣ эҷод мешавад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Тоҷ Вик, Рустам Эмомалӣ дар нишасти шӯроии шаҳри Душанбе гуфтааст, ки бо ифтитоҳи марокизи саноатии  ҷадид 24 ҳазор фурсати шуғлӣ барои сокинони пойтахти Тоҷикистон эҷод шуд, ки дар соли 2021 низ ин раванд идома хоҳад ёфт.


Вай таъкид кардааст: То фаро расидани сиюмин солгарди истиқлоли Тоҷикистон дар моҳи сентябри соли 2021 барои баҳрабардории беш аз 4 ҳазор маркази тавлидӣ, хадамотӣ, гардишгарӣ, омӯзишӣ ва иҷтимоӣ барномарезӣ шудааст, ки заминаи эҷоди иштиғол барои сокинони шаҳри Душанберо фароҳам мекунад.

Сохти 13 мактаб барои 14 ҳазор донишомӯз ва 7 боғчаи бачагон барои 2 ҳазор нафар, аз ҷумлаи ин барномаҳост.

Ҳамчкнин теъдоде аз марокизи тавлидии ҷадид дар минтақаи саноатии шаҳри Душанбе дар шарқи пойтахти кишвар фаъол хоҳад шуд, ки лампаҳои каммасраф, ҷӯробу сангҳои тазъинӣ тавлид хоҳад кард.

Сохти муҷтамаъи сиюмини солгарди истиқлоли Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе бо ҳазинаи беш аз 30 миллион сомонӣ аз дигар тарҳҳои шаҳрдорӣ барои соли 2021 аст.

 

Бештар бихонед: