Интизориҳо аз паёми солона Эмомалӣ Раҳмон ба Парлумони Тоҷикистон
Ду нафар аз чеҳраҳои сиёсии Тоҷикистон дар бораи паёми солона Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии ин кишвар ба парлумон ибрози назар карданд.
Ба гузориши сомонаи «ТоҷВик», имсол баръакси солҳои гузашта, ки Эмомалӣ Раҳмон, раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон паёми солонаи худ ба парлумони ин кишварро маъмулан охирҳои сол ироа мекард, ин паёмро дар соли нав қироат хоҳад кард.
Дар ин бора Шодӣ Шабдолов гуфтааст, ки бояд сиёсати бархурди хушунатбори Ҳукумати Тоҷикистон бо мухолифони сиёсии ин кишвар тағйир кунад.
Вай афзуд: Яке аз омилҳои муҳими шаклгирии тероризм ва ифротигарӣ бархурди хушунатбори ҳукуматҳо бо мухолифони онҳост, ки ин нукта бояд дар паёми раиси ҷумҳурӣ мунъакис шавад.
Ҳамчунин Абдуғанӣ Муҳаммадазимов, раиси Анҷумани сиёсатшиносони Тоҷикистон гуфт: Интизор дорем, ки дар паёми солонаи Эмомалӣ Раҳмон ба Парлумони Тоҷикистони мавзӯи ҳалли мушкили бекорӣ дар пайи густариши вируси корона, таъмини амнияти шуғлӣ, коҳиши қимати маводи ғизоӣ, пардохти маошу дастмуздҳо мутаносиб бо вазъи зиндагии феълии мардум ва коҳиши фасоду ришвахорӣ дар идороти давлатӣ матраҳ шавад.
Бештар бихонед:
- Ба таъхир афтодани суханронии раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Парлумон
- Эҳтимоли интиқоли қудрат дар Тоҷикистон ва гамоназаниҳои коршиносон
- Таъсиси фраксияи ҳизби ҳоким дар Парлумони Тоҷикистон