Январ 05, 2021 14:42 Asia/Dushanbe
  • Бахши умдаи даромадии буҷети Тоҷикистон аз молиёти бахши хусусӣ таъмин хоҳад шуд
    Бахши умдаи даромадии буҷети Тоҷикистон аз молиёти бахши хусусӣ таъмин хоҳад шуд

Вазорати молияи Тоҷикистон эълом кард, ки ба далели густариши вируси корона таҳияи тарҳи буҷети ҳукумати ин кишвар барои соли 2022 дар семоҳаи нахусти имсол оғоз мешавад шавад.

Ба гузориши сомонаи Азия Плюс, аз тамоми вазоратҳову идораҳои давлатӣ хоста шудааст, ки пешниҳодҳои худро дар ин замина ироа кунанд.

Бар асоси пешбинии Вазорати молияи Тоҷикистон бахши даромади буҷети Тоҷикистон дар соли 2022, 31 миллиард сомонӣ (муодили 2 миллиарду 700 миллион доллар) ва бахши хароҷот низ 31 миллиарду 499 миллион сомонӣ (муодили 2 миллиарду 787 миллиону 500 ҳазор доллар) хоҳад буд.

Аммо беш аз 80 дарсад аз манобеи бахши даромадии буҷети Ҳукумати Тоҷикистон аз молиёт (андоз) -и пардохтии бахши хусусӣ таъмин хоҳад шуд, ки яке аз болотарин молиётҳо дар ҷаҳон аст.

Дар ҳамин замина Бонки Ҷаҳонӣ эълом кардааст, ки корхонаҳои хурду миёна 65 дарсад аз даромади худро ба унвони молиёт ба давлат пардохт мекунанд, ки боиси варшикастагии ин воҳидҳо мешавад.

Бар асоси омори расмӣ то аввали октябри соли 2020 дар Тоҷикистон 295 ҳазор маркази бахши хусусии фаъолияти худро мутаваққиф кардаанд, ки дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли пеш аз он 25 ҳазор марказ бештар аст.

Яке аз омилҳои ин раванд фишори молиётӣ аст, ки фаъолони бахши хусусии Тоҷикистонро маҷбур мекунад сармояи худро барои рушди иқтисоди Ӯзбакистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва ҳатто Афғонистон харҷ кунанд.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп