Январ 19, 2023 17:07 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши як миллиарддолларии тиҷорати хориҷии Тоҷикистон дар соли 2022

Ожонси омори Тоҷикистон эълом кард : Тиҷорати хориҷии ин кишвар дар соли 2022 бо афзоиши 15 дарсадӣ нисбат ба як сол қабл ба 7.3 миллиард доллар расидааст .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Форс, бинобар гузориши Ожонси омори Тоҷикистон арзиши содироти маҳсӯлот дар ин як сол ҳудуди 2.1 миллиард доллар ва воридот ҳудуди 5.2 миллиард доллар будааст .
Ҳаҷми содироти маҳсӯлот дар соли 2022 нисбат ба соли 2021 коҳиши 0.4 дарсадӣ ва воридот тақрибан 23 дарсадӣ доштааст .
41.8 дарсад аз кулли содироти Тоҷикистон бо маҳсулоти маъданӣ ( семент, барқ, санги маъдан, консентра ва ғайра ),24.7 фулузоту сангҳои гаронбаҳо ва нимақиматӣ, 14.9 дарсад фулузоти поя ( алюминий) ва маҳсулоти ҳосилшуда аз онҳо, 13 дарсад нассоҷӣ ва маҳсулоти омодашуда аз онҳо муртабит будааст .
19.3 дарсад аз воридот ба маҳсулоти маъданӣ ( маҳсулоти нафтӣ, гази моеъ, ангиштсанг ва ғайра ), 11.9 дарсад мошинолоту таҷҳизот, 9.8 дарсад фулузоти появу маҳсулот аз онҳо, 9.6 дарсад маҳсулоти саноъати кимиё, 9.3 дарсад колоҳои гиёҳӣ ва 8.9 дарсад маҳсулоти ғизоии омода марбут будааст .
Тоҷикистон дар соли гузаштаи милодӣ бо 110 кишвари мухталифи ҷаҳон доду ситад доштааст; монанди солҳои гузашта  Русия бо 22.9 дарсад, Қазоқистон бо 19.7 дарсад ва Чин бо 16. 6 дарсад аз кулли тиҷорати хориҷии Тоҷикистон ба унвони шарикони аслии тиҷории ин кишвар будаанд .
Бозорҳои аслии арзаи содироти колоҳои тоҷикӣ дар соли гузашта Қазоқистон ( 22 .6 дарсад аз кулли содирот ), Швейтсария ( 18.1 дарсад аз кулли содирот ) ва Чин (17.2 дарсад ) ба шумор мераванд.

 

Барчасп