Маҳдудият баргашт; Барқи 24 соата "давлати мустаъҷил" буд
(last modified Tue, 05 Jan 2021 15:01:10 GMT )
Январ 05, 2021 20:01 Asia/Dushanbe
  • Лимити барқ ​​дар Тоҷикистон пас аз 26 рӯзи бекоркунӣ барқарор карда шуд
    Лимити барқ ​​дар Тоҷикистон пас аз 26 рӯзи бекоркунӣ барқарор карда шуд

Манобеи ҳукумати Тоҷикистон аз иҷрои дубораи маҳдудияти барқ дар манотиқи рустоии ин кишвар аз шаби 5 январ хабар додаанд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Тоҷ Вик , ин манобе гуфтаан, ки ин маҳдудият аз соати 23 шаб то 6 субҳи иҷро хоҳад шуд ва танҳо манотиқи рӯстоиро шомил мешавад.

Далели иҷрои дубораи маҳдудияти барқ дар Тоҷикистон коҳиши мизони захоири об дар сади нерӯгоҳи барқи обии Норак унвон мешавад, ки дар муқоиса бо зимистони соли 2020 бо коҳиши 4 метрӣ рӯ ба рӯ шудааст.

Дар бораи замони лағви маҳдудияти барқ дар Тоҷикистон гузорише мунташир нашудааст.

Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмони дар нишаст бо ҳайати ҷадиди ҳукумат дар рӯзи 15 декабри соли 2020 гуфта буд: «Дар ҳоли ҳозир ба миқдори кофӣ об дар сади нерӯгоҳҳои барқи обии кишвар захира шудааст . Аммо бо фарорасии фасли сармо ва сарфаҷӯӣ накардан дар масрафи барқ эҳтимоли маҳдудияти дубораи он пеш хоҳад омад.»

 

Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон хостори он шуда буд, ки кори таблиғотӣ барои даъвати шаҳрвандон ба сарфаҷӯӣ дар масрафи барқ шиддат ёбаду ҳамчунин аз истифода аз васоили барқии пурмасраф дар хонаҳо, идораҳо ва созмонҳо ҷилавгирӣ шавад.

Мақомоти Тоҷикистони пас аз ду моҳними маҳдудияти барқ дар кишвар рӯзи 10 декабри соли 2020 ин маҳдудиятро лағв карда буданд.

 

Бештар бихонед: