Январ 06, 2021 12:02 Asia/Dushanbe
  • Парвозҳои Тошканд-Душанбе, ки бо сабаби корона қатъ шуда буданд, моҳи марти соли 2021 аз сар гирифта мешаванд
    Парвозҳои Тошканд-Душанбе, ки бо сабаби корона қатъ шуда буданд, моҳи марти соли 2021 аз сар гирифта мешаванд

Раиси созмони ҳавопаймоии (авиатсияи) кишварии Тоҷикистон гуфт, парвозҳои мунтазам байни Душанбе ва Тошканд аз моҳи марти соли 2021 дубора барқарор хоҳад шуд.

Ба гузориши радиои тоҷики Садоии Хуросон ба нақл аз сомонаи Спутник, Икром Субҳонзода бо ишора ба анҷоми нахустин парвози чартерӣ миёни Тошканд ва Душанбе пас аз 11 моҳи вақфа дар рӯзи 5 январи имсол таъкид кард, ки музокира бо Ӯзбакистон дар бораи азсаргирии парвозҳои муназзам миёни ду кишвар идома дорад ва ба эҳтимоли зиёде ин амр дар моҳи марти сол имконпазири хоҳад шуд.

Ҳавопаймои хутути ҳавоии Ӯзбакистон дар нахустин парвози чартерӣ ба Тоҷикистон рӯзи 5 январ 65 мусофирро ба Душанбе мунтақил кард ва дар парвози баргашт низ 100 мусофирро ба Тошканд бурд.

Тамоми мусофирон дар ин парвоз дар масири рафту баргашт бояд гувоҳномаи озмоиши Ковиди 19 ва саломат аз ин бемориро ба ҳамроҳ дошта бошанд.

Ҳамчунин афзун бар доштани ин гувоҳинома ҳангоми вуруд ба фурудгоҳи байналмилалии Тошканд аз тамомии мусофирон бо ҳазинаи онҳо озмоиши ҷадиди Ковиди 19 гирифта мешавад.

Парвозҳои дуҷониба ҳафтае миёни Ӯзбакистон ва Тоҷикистон аз рӯзи 16 марти соли гузаштаи 2020 ба далели густариши вируси корона мутаваққиф ва марзҳои заминии ин ду кишвари ҳамсоя низ баста шуд.

 

Бештар бихонед:

Барчасп