Январ 06, 2021 22:18 Asia/Dushanbe
  • Шумори мубталоён ба Ковид -19 дар Тоҷикистон бидуни афзоиш ҳамон 13 ҳазору 305 нафари қабл аст
    Шумори мубталоён ба Ковид -19 дар Тоҷикистон бидуни афзоиш ҳамон 13 ҳазору 305 нафари қабл аст

Ҳеч мавриди ҷадиде аз ибтило ба бемории Ковид - 19 дар шабонарӯзи ахир дар Тоҷикистон шиносоӣ нашудааст.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон эълом кард то соати 19 рӯзи чаҳоршанбеи 6 январ шумори мубталоён ба Ковид - 19 дар ин кишвар бидуни афзоиш ҳамон 13 ҳазору 305 нафар ва шумори ҷонбохтагони ин беморӣ низ бидуни афзоиш ҳамон 90 нафари қабл аст.

Аз 13 ҳазору 305 бемори гирифтори корона дар Тоҷикистон то кунун 13 ҳазору 111 нафар беҳбуд ёфтаанд.

Рӯзҳои 3 ва 4 январ низ Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон эълом карда буд, ҳеч мавриди ҷадиде аз ибтило ба Ковид -19 дар ин кишвар сабт нашудааст.

 Дар ин миён танҳо рӯзи 5 январ 5 бемори ҷадиди мубтало ба Ковид -19 шиносоӣ шуданд.

Ба гуфтаи мақомоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон 51 нафар, ки бо нишонаҳои корона дар хонаҳо таҳти муроқибати пизишкон қарор доранд, дар шабонарӯзи ахир беҳбуд ёфтаанд.

Дар як ҳафтаи ахир раванди ибтило ба вируси корона дар Тоҷикистон коҳиши чашмгир ёфтааст.

 

 Бештар бихонед:

 

 

Барчасп