Кашфи 2 ҳазору 400 килограм маводи мухаддир дар Тоҷикистон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i60613
Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон аз кашфу забти 2 ҳазору 400 килограм маводи мухаддир дар соли 2020 хабар дод.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Январ 10, 2021 13:52 Asia/Dushanbe
  • 2 ҳазору 400 килограм маводи мухаддир дар соли 2020 дар Тоҷикистон кашф шудааст
    2 ҳазору 400 килограм маводи мухаддир дар соли 2020 дар Тоҷикистон кашф шудааст

Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон аз кашфу забти 2 ҳазору 400 килограм маводи мухаддир дар соли 2020 хабар дод.

Ба гузориши сомонаи Авесто, кормандони Вазорати корҳои дохилӣ соли гузашта ҳазору117 килограм, Кумитаи Давлатии Амнияти Миллӣ ҳазору 97 килограм ва Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон 183 килограм анвоъи маводи мухаддир аз ҷумла 19 кило героин, 95 кило афюн, 40 кило ҳашиш, 15 кило каннабис, 15 кило моддаҳои психотропӣ ва беш аз 2 ҳазор дона ҳабҳои синтетикиро кашфу забт кардаанд.

Гуфта мешавад, ки дигар ниҳодҳо ва идороти Тоҷикистон низ соли гузашта 27 килограм маводи мухаддир кашфу забт шудааст.

Дар ин муддат ҳамчунин дар Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ҳазору 100 ва дар КДАМ ҳазору 900 килограм анвоъи маводи мухаддир мунҳадим шудааст.

Дар ин иртибот 105 парвандаи ҷиноӣ алайҳи 162 нафар аз қочоқчиёни маводи мухаддир ташкил ва ба додгоҳҳо ирсол шудааст.

  

БЕШТАР БИХОНЕД: