Аз дастрас хориҷ шудани Фейсбук ва Инстаграмм дар Тоҷикистон
(last modified Tue, 12 Jan 2021 14:55:00 GMT )
Январ 12, 2021 19:55 Asia/Dushanbe
  • Сабаби қатъ шудани Facebook ва Instagram дар Тоҷикистон муайян карда нашудааст
    Сабаби қатъ шудани Facebook ва Instagram дар Тоҷикистон муайян карда нашудааст

Корбпрони интернет дар Тоҷикистон мегӯянд, чор рӯз аст ки дастрасӣ ба шабакаҳои Фейсбук ва Инстаграмм дар кишвар ғайримумкин шудааст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Спутник, сокинони шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд эълом кардаанд, ки нахуст дастрасӣ ба шабакаи инстаграмм  ва дар рӯзҳои ахир дастрасӣ ба Фейсбук ғайримумкин шудааст.

Онон мегӯянд, ки на аз тариқи роёнаҳо ва на бо телефони ҳамроҳ наметавонанд ба ин шабакаҳо ворид шаванд.

Аз сӯи дигар як корманди ширкати хадамоти интернет дар Тоҷикистон бидуни ифшои номи хеш, ин мушкилро таъйид карда ва гуфтааст, ки ширкатҳои фароҳамгар хадамоти интерентӣ дар ин қазия нақше надоранд ва «мушкил аз ҷои дигар аст ». 

Бо вуҷуди гузашти 4 рӯз аз набуди дастрасӣ ба шабакаҳои Фейсбук ва инстаграмм дар Тоҷикистон хадамоти давлатии мухобирот ва алоқа ҳеч тавзеҳе дар ин замина надодааст.

 

Бештар бихонед: