Январ 16, 2021 22:02 Asia/Dushanbe
  • Бозтоби бесобиқаи ҷинояти террори шаҳид Сулаймонӣ дар нашрияи Фаражи  Тоҷикистон

Бо гузашти беш аз як сол аз шаҳодати сардор Сулаймонӣ ба дасти нерӯҳои террористи Амрико, ин ҳодиса ҳамчунон дар маҳфилҳои хабарии ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон бозтоб дорад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон , нашрияи Фараж-чопи шаҳри Душанбе бо интишори мақолаи муфассале бо унвони " Террори Сулаймонӣ- нақзи ҳуқуқи байналмиллалӣ " чигунагии ин рӯйдоди талх ва маҳкумияти ҷаҳонии Амрикоро ба тасвир кашида аст.

 Сомонаи  Фараж дар тозатарин матлаби худ рӯзи шанбе бо ҷиноят унвон кардани иқдоми Амрико навишт : « Бешубҳа, метавон онро яке аз муҳиммтарин ва нодиртарин рӯйдодҳои минтақаи Ховари Миёна ва ҷаҳон қаламдод кард. Зеро як фармондеҳи расмӣ ва шахсияти шинохташудаи низомӣ дар мубориза бо ДИИШ, ба унвони муҳимтарин гуруҳи террористӣ дар Ховари Миёна, дар як сафари расмӣ дар кишвари солис (сеюм) аз сӯи неруҳои амрикоӣ мавриди ҳамла қарор гирифт ва террор шуд. Амре, ки бо интиқоди ҷаҳонии густурда аз Амрико ба далели анҷоми ин ҷиноят ҳамроҳ шуд.

Ин нашрияи маъруфи Тоҷикистон қабл аз пардохтан ба моҳияти ғайриқонунии иқдоми Амрико ба маҳбубияти фавқуалъодаи шаҳид Сулаймонӣ ишора карда ва менависад : « Шояд барои бахши қобили таваҷҷуҳе аз афкори умумии ҷаҳон, маҳбубияти Қосим Сулаймонӣ пас аз маросими ҷанозаи миллионии эшон дар Эрон ва баргузории маросими бошукуҳи азодорӣ барои эшон дар бархе кишварҳо, мисли Ироқ, Покистон ва ё дигар кишварҳои исломӣ ошкор шуда бошад, лекин эшон дар даврони ҳаёт ва қабл аз шаҳодат низ ба далели ҳузури мустақим дар майдони мубориза бо ДИИШ ба унвони як қаҳрамони миллӣ ва шахсияти маҳбуб дар Эрон ва сатҳи минтақа шинохта шуда буд.»

Дар поёни матлаби мунташиршуда дар сомонаи Фараж таъкид шуда аст, ки мутобиқи тамоми қонунҳои байналмиллалӣ , Ҷумҳурии исломии Эрон муваззаф ба дифо аз шаҳрванд ва амнияти худ буда ва посух ба ҷинояти Амрикоро барои худ маҳфуз ме‌дорад.

  

бештар бихонед:

 

Барчасп