Коҳиши мубодилоти тиҷории Тоҷикистон бо кишварҳои ИДМ
Мубодилаи тиҷории Тоҷикистон бо кишварҳои ИДМ 6.5 дарсад коҳиш ёфт.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Вазорати рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон эълом кард:Ҳаҷми куллии гардиши молӣ байни ин кишвар ва кишварҳои узви ҷомеъаи ИДМ соли гузашта беш аз 2.3 миллиард доллар буда, ки дар муқоиса бо замони мушобнҳи 2019, 6.5 ё ба маблағи 163.2 миллион доллар коҳиш дошта аст.
Дар маҷмӯъ саҳми тиҷорати Тоҷикистон бо кишварҳои ИДМ 51.7 дарсад аз ҳаҷми куллии тиҷорати хориҷии ин кишварро ташкил дода аст.
Бар асоси гузориши Ожонси омори Тоҷикистон , мизони тиҷорати ин кишвар бо Беларус дар соли гузашта 1.9 баробар афзоиш дошта аст.
Русия бо 973.6 миллион доллар ва Қазоқистон бо 909.7 миллион доллар рутбаҳои аввалу дувумро дар руйхати мубодилаи тиҷории Тоҷикистон ба худ ихтисос додаанд.
Бештар бихонед :