Феврал 03, 2021 22:29 Asia/Dushanbe
  • Бо баста шудани марзи Қулма бозаргонони тоҷик наметавонанд маҳсулоти харидоришудаи худро вориди кишвар кунанд
    Бо баста шудани марзи Қулма бозаргонони тоҷик наметавонанд маҳсулоти харидоришудаи худро вориди кишвар кунанд

Раиси Палатаи саноат ва бозаргонии Тоҷикистон далели ҷамъ шудани маҳсулоти бозаргонони тоҷик дар марзро ноҳамоҳангии тарафи чинӣ номид.

Ба гузориши сомонаи “Спутник”, Ҷамшед Ҷумъахонзода бо ишора ба шикоятҳои зиёде аз анбошта шудани маҳсулоти бозаргонони тоҷик дар марз бо Чин афзуд: Мақомоти Чин ба баҳонаи густариши вируси корона марзи заминии Тоҷикистон ба ин кишвар, мавсум ба Қулма дар вилояти Бадахшонро бастаанд ва моҳҳост, ки бозаргонони тоҷик наметавонанд маҳсулоти харидоришудаи худро вориди кишвар кунанд.

Ба гуфтаи раиси Палатаи саноат ва бозаргонии Тоҷикистон, ин мушкил дар равобити Чин бо Қирғизистон ва Қазоқистон низ вуҷуд дорад.

Ин дар ҳолест, ки ҳамзамон бо фаро расидани соли нави ин кишвар дар моҳи феврал бисёре аз барномаҳову фаъолиятҳо дар Чин ба муддати ду моҳ таътил хоҳад шуд ва ин мавзуъ бар мушкилоти содирот низ хоҳад афзуд.

Раиси Палатаи саноат ва бозаргонии Тоҷикистон яке дигар аз сабабҳои дармондани колоҳои бозаргонони тоҷик дар гузаргоҳи марзии Қулмаро маҳдудияти ҳамлунақл дар дохили қаламрави Чин ба далели густариши вируси корона унвон кард.

 Ӯ ибрози умедворӣ кардааст, ки Чин ба унвони шарики муҳими тиҷории Тоҷикистон барои ҳалли ин мушкил иқдом кунад.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп