Содироти беш аз 3000 тон ангиштсанги Тоҷикистон дар соли 2020 ба хориҷ аз ин кишвар
(last modified Thu, 04 Feb 2021 11:22:01 GMT )
Феврал 04, 2021 16:22 Asia/Dushanbe
  • Содироти беш аз 3000 тон ангиштсанги Тоҷикистон дар соли 2020 ба хориҷ аз ин кишвар

Тоҷикистон соли 2020 ҳудуди 3300 тон ангиштсанг ба хориҷ содир кард.

 Ба гузориши радиои бурунмарзии тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Вазорати саноат ва фаноовариҳои ҷадиди Тоҷикистон ин мизон ангиштсанг аз Тоҷикистон ба кишварҳои Афғонистон, Узбекистон ва Покистон содир шуд.

 Содироти ангиштсанги Тоҷикистон соли 2020 ҳудуди 14 ҳазор тон камтар аз соли 2019 буда аст.

 Корхонаи металлургии Тоҷикистон ва Талко соли гузашта бештарини ҳаҷми ангиштсангро ба хориҷ содир карданд.

 Аз кулли ангиштсанги истихроҷшудаи Тоҷикистон  1300 тон ба Покистон ,1200 тон ба Афғонистон ва 800 тон ба Узбакистон содир шуд.

 

 Бештар бихонед:

 

Барчасп