Феврал 14, 2021 10:17 Asia/Dushanbe
  • Беш аз 6 миллиону 700 ҳазор нафар аз ҷамъияти Тоҷикистон алайҳи корона ваксинасия мешаванд
    Беш аз 6 миллиону 700 ҳазор нафар аз ҷамъияти Тоҷикистон алайҳи корона ваксинасия мешаванд

Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон аз эминсозӣ беш аз 6 миллион нафар аз мардуми ин кишвар алайҳи вируси корона дар ояндаи наздик хабар дод.

  Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Форс,Ҷамолиддин Абдуллоҳзода афзуд: Ба зудӣ беш аз 6 миллиону 700 ҳазор нафар аз ҷамъияти Тоҷикистон бо ваксинаи «Спутник V » ва «Астра Занка» дар муқобили бемории Ковид 19 ваксинасия мешаванд .

Ба гуфтаи вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон барои 5 миллиону 840 ҳазор нафар аз мардуми Тоҷикистон ваксинаи русии корона аз Русия харидорӣ хоҳад шуд ва як миллиону 800 ҳазор нафари дигар низ аз ваксинаҳое, ки дар чорчуби барномаи  КОВАКС  ба сурати ройгон дар ду марҳала вориди кишвар мешавад, истифода хоҳанд кард .

  Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон аз беш аз як моҳи пеш то кунун бо эъломи вазъияти сафеди коронаӣ дар ин кишвар эълом кардааст, ки дар ин муддат ҳеч мавриди наве аз гирифторӣ ба ин беморӣ дар ин кишвар мушоҳида нашудааст .

 Бар  асоси охирин омор беш аз 13 ҳазору 308 нафар дар Тоҷикистон ба вируси корона мубтало шуданд ва 90 нафар бар асари ин беморӣ ҷон бохтанд.

Бештар бихонед:

Барчасп