Афзоиши содироти барқи Тоҷикистон ба Афғонистон
(last modified Sat, 27 Feb 2021 17:15:06 GMT )
Феврал 27, 2021 22:15 Asia/Dushanbe
  • Қарор аст, ки Тоҷикистон дар соли 2021 ба Афғонистон 1,5 миллиард киловатт соат нерӯи барқ ​​содир кунад
    Қарор аст, ки Тоҷикистон дар соли 2021 ба Афғонистон 1,5 миллиард киловатт соат нерӯи барқ ​​содир кунад

Тоҷикистон дар моҳи январи гузашта содироти барқ ба Афғонистонро афзоиш додааст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Спутник. дар моҳи январи 2021 аз Тоҷикистон ба Афғонистони 4 миллиону 14 ҳазор киловатт соат барқ содир шудааст, ки дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли 2020 афзоиши 20 дарсадиро нишон медиҳад. 

Ҳамчунин мақомоти Ширкати давлатии Барқи тоҷик эълом кардаанд, ки имсол содироти 1 миллиарду 500 миллион киловатт соати барқ ба Афғонистон пешбинӣ шудааст. 

Ин дарҳолест, ки мақомоти Ширкати барқи Афғонистон - Брешна - хостори афзоиши рӯзонаи интиқоли барқ аз Тоҷикистон ба мизони 120 мегаватт ба ҷои 80 мегаватти феълӣ шудаанд. 

Баҳои ҳар як киловатт соати барқи содиротии Тоҷикистон 4, 5 сент мебошад. 

Дар ҳоли ҳозир барқи Тоҷикистон ба Афғонистон тавассути ду хати 110 ва 220 киловолтӣ аз вилояти Хатлон ба вилоятҳои Қундузу Бағалони Афғонистон мунтақил мешавад. 

Ҳамзамон бо афзоиши содироти барқи Тоҷикистон ба Афғонистон ,аз рӯзи 6 январи имсол дар манотиқи рустоии Тоҷикистон аз соати 6 субҳ то 23 шаб ба бахши хонагӣ барқ мунтақил мешавад ва дар бақияи соатҳои шабонарӯз маҳдудият вуҷуд дорад.

 

Бештар бихонед: