Март 07, 2021 21:29 Asia/Dushanbe
  • Талоши занони Афғонистон барои дастёбӣ ба ҳуқуқи шаръӣ ва зиндагӣ дар сулҳ
    Талоши занони Афғонистон барои дастёбӣ ба ҳуқуқи шаръӣ ва зиндагӣ дар сулҳ

Раиси муассисаҳои томактабӣ ва миёнаи Тоҷикистон гуфт: Занони афғон мехоҳанд дар канори фарзандонашон дар сулҳ зиндагӣ кунанд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Вазорати  маорифи Тоҷикистон, Зарина Норова афзуд: Занон дар Афғонистон кӯшиш мекунанд, ки аз ҳадди аққали ҳуқуқҳое, ки ислом ба онҳо додааст, истифода баранд ва ин ягона хоҳиши занони афғон аст.

 Раиси муассисаҳои томактабӣ ва миёнаи омӯзиш ва парвариши Тоҷикистон  гуфт: Имрӯзи занони тоҷик аз доштани ҷойгоҳи вижа дар ҷомеа хушҳол ҳастанд, зеро истиқлоли кишвар ин имконро эҷод кардааст, ки иқдомоти муассир барои иртиқои вазъияти занон дар ҷомеа, омӯзиш, иштироки онҳоро дар масъалаҳои мухталиф қабул намуда, суботро барои зиндагии осоиштаи занон таъмин намояд.

  Норова таъкид кард, боло бурдани ҷойгоҳи занон дар ҷомеа аз асоситарин сиёсатҳои иҷтимоии давлати Тоҷикистон аст. 

 

Бештар бихонед:

Барчасп