Март 08, 2021 10:27 Asia/Dushanbe
  • Эмомалӣ Раҳмон мегӯяд, ки занон дар Тоҷикистон баробари мардон ҳуқуқ доранд
    Эмомалӣ Раҳмон мегӯяд, ки занон дар Тоҷикистон баробари мардон ҳуқуқ доранд

Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар паёме фарорасии ҳаштуми март, Рӯзи модарро ба бонувони ин кишвар табрик гуфт.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ба нақл аз дафтари матбуотии раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар ин паём бо орзӯи саломатӣ ва сарбаландӣ барои тамоми модарон аз насли ҷавони кишвар дархост кардааст, ки бо адоии эҳтиром ба модарони хеш қадршиноси заҳамоти онон бошанд.

Вай бо ишора ба нақши модарон дар тарбияти фарзандони солиму шоиста аз нақши ин қишри заҳматкаши ҷомеъа дар таҳкими бунёни хонавода, рушду пешрафти кишвар ва тарбияти маънавии насли ҷавон қадрдонӣ кард. 

Эмомалӣ Раҳмон таъкид кард, ки дар ҷомеаи Тоҷикистон бонуон аз ҳуқуқи яксон бо мардон бархӯрдор мебошанд ва давлат дар даврони истиқлол барои беҳбуди ҷойгоҳи занон талоши зиёде ба харҷ додааст. 

Эмомалӣ Раҳмон нақши модарони тоҷикро дар даври нигаҳ доштани ҷавонон аз гароиш ба ифротгароӣ ва хурофоту бидъатҳои нораво сутуд.

 Ҳар сол дар Тоҷикистон 8-уми март ҳамчун Рӯзи Модар таҷлил карда мешавад, ки ин иди расмӣ мебошад.

 

Бештар бихонед:

Барчасп