Сангинтар шудани ҷазо барои ҷурмҳои терроризм ва хиёнат ба ватан дар Тоҷикистон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i6388-Сангинтар_шудани_ҷазо_барои_ҷурмҳои_терроризм_ва_хиёнат_ба_ватан_дар_Тоҷикистон
Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаи ахири хеш ба Қонуни ҷазои ҷиноии ин кишвар як идда тағйироту иловаҳо ворид кард, ки тибқи он муҷозот барои ҷиноятҳои марбут ба терроризму ифротгароӣ сангинтар шуда, ҳамзамон ҷазо барои саркашӣ аз пардохти молиёт сабуктар шудааст.
(last modified 2025-10-08T08:30:18+00:00 )
Октябр 20, 2016 18:31 Asia/Dushanbe
  • Сангинтар шудани ҷазо барои ҷурмҳои терроризм ва хиёнат ба ватан дар Тоҷикистон

Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаи ахири хеш ба Қонуни ҷазои ҷиноии ин кишвар як идда тағйироту иловаҳо ворид кард, ки тибқи он муҷозот барои ҷиноятҳои марбут ба терроризму ифротгароӣ сангинтар шуда, ҳамзамон ҷазо барои саркашӣ аз пардохти молиёт сабуктар шудааст.

Ба гузориши радиои тоҷикӣ, Ҳотам Назарзода, муовини аввали додситони кулли Тоҷикистон дар ин ҷаласаи парлумон гуфт, ки тибқи тағйироту иловаҳои мазкур, ҷавобгарӣ барои ҷиноятҳои вобаста ба терроризм, ифротгароӣ, хиёнат ба ватан, ширкат дар сафи гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ ва тавҷеҳи терроризму ифротгароӣ тариқи расонаҳо сангинтар мешаванд.

Аз сӯйи дигар, Азизмуҳаммад Холмуҳаммадзода, вакили парлумони Тоҷикистон таъкид кард, ки ҳадафи тағйиротҳои мазкур муқобилаи муассир бо падидаи терроризму ифротгароӣ ва дар ин замина тақкими амнияту субот дар ин кишвар аст.

Холмуҳаммадзода аз он изҳори нигаронӣ кард, ки айни замон бархе  гурӯҳҳои террористиву ифротгаро ба марзҳои ин кишвар наздик  шудаанд, дар ҳоле, ки теъдоде аз шаҳрвандони Тоҷикистон дар сафи ин гурӯҳҳои ҷангҷӯ ҳастанд.

Бо вуҷуди он ки намояндаи Додситонии кулли Тоҷикистон аз тавзеҳи бештаре марбут ба  афзоиши муҳлати муҷозоти ҷиноӣ дар ин замина худдорӣ кард, аммо ба навиштаи бархе расонаҳои маҳалӣ  дар қонуни ҷиноӣ банди нав илова шудааст, ки  тибқи он барои  ҷинояти "хиёнат ва ватан", хизматчиёни давлатӣ ва кормандони сохторҳои қудратӣ метавонанд ба 25 соли зиндон бо мусодираи амвол ва дар ҳолатҳои истисноӣ ба ҳабси абад маҳкум шаванд.

Тибқи қонуни феълии ҷиноӣ дар Тоҷикистон, барои содир шудани ҷиноят бо аломатҳои "хиёнат ба ватан" аз 12 то 20 соли зиндон  бо мусодираи амвол пешбинӣ шудааст.

Ҳамзамон тибқи ислоҳоти бахши дигаре аз Қонуни ҷиноии Тоҷикистон, афроде ки дар саркашӣ аз пардохти молиёт  муттаҳам мешаванд, дар сурати пардохти қарзҳои ошкоршуда , аз муҷозоти ҷиноӣ муоф мешаванд.

Ин дар ҳолест, ки   раиси Кумитаи андози Тоҷикистон  ҳафтаи қабл дар ҷаласаи парлумон гуфт, ки тайи як соли ахир наздики 30 дарсади ширкатҳои тиҷорӣ ва соҳибкорон бо мушкилоти пардохти молиёт рӯбарӯ шудаанд.