Пардохти қарзҳои “Фононбонк”-и Тоҷикистон ба муштариён
“Фононбонк”-и Тоҷикистон тавонист тамоми бидеҳкори (қарзҳо) -и молии худро ба талабкорон (муштариён) бипардозад.
Ба гузориши сомонаи “Фарғона”, муҷаввизи фаъолияти ин бонк соли 2017 бекор шудааст.
Тайи ин чаҳор сол мудирони бонки ёдшуда 71 миллиону 100 ҳазор сомонӣ (8 миллиону 500 ҳазор доллар) бидеҳии худро ба муштариён пардохт карданд.
Аммо ду ширкати талабкор аз ин бонк ризоят доданд, ки бар ивази маблағҳое, ки дар ин бонки супурдагузорӣ кардаанд, таъсисоти “Фононбонк”-ро дар ихтиёр бигиранд.
Ин дар ҳоле аст, ки яке дигар аз бонкҳои варшикаста ва муҷаввизаш бекоршудаи Тоҷикистон, мавсум ба “Тоҷпромбонк” ҳанӯз ҳам натавонистааст қарзи 49 миллионсомонии худ ба муштариёнро бипардозад.
Ҳамчунин мудирони ду бонки варшикастшуда, вале ҳанӯз лағви муҷаввизнашудаи “Тоҷиксодиротбонк” ва “Агроинвестбонк” низ тавони пардохти қарзи ҳудуди як миллиард сомони (90 миллион доллар)-и худро ба талабкорон надоранд.
Буҳрони молӣ дар бонкҳои Тоҷикистон аз соли 2016 оғоз шуд, ки ба ин далел муҷаввизи ду бонк лағв ва ду бонки дигар варшикаст шуданд.
Бештар бихонед:
- Таҷаммуи молбохтагони “Тоҷпромбонк”-и Тоҷикистон назди Бонки Миллӣ ва Парлумон
- Қатъи ҳамкории ду бонки аврупоӣ бо бонки “Эсхата” -и Тоҷикистон