Имзои чанд санади ҳамкорӣ дар дидори раисони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Афғонистон
(last modified Mon, 29 Mar 2021 15:45:45 GMT )
Март 29, 2021 20:45 Asia/Dushanbe
  • Муҳаммад Ашраф Ғанӣ, раиси ҷумҳурии Афғонистон барои ширкат дар конфронси “Қалби Осиё” дар Душанбеи Тоҷикистон ҳузур дорад
    Муҳаммад Ашраф Ғанӣ, раиси ҷумҳурии Афғонистон барои ширкат дар конфронси “Қалби Осиё” дар Душанбеи Тоҷикистон ҳузур дорад

Дар пайи дидору гуфтугӯи раисони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Афғонистон дар Душанбе, ёддошти тафоҳуми сиёсӣ ва чанд санади ҳамкорӣ ба имзо расид.

Ба гузориши дафтари матбуотии раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар дидори Эмомалӣ Раҳмон ва Ашраф Ғанӣ дар Душанбе дар бораи ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷорӣ, амниятӣ ва интизомӣ, ҳамлунақл, энержӣ ва омӯзишиву фарҳангии ду кишвар баҳсу табодули назар шуд.

Эмомалӣ Раҳмон дар нишасти хабарии муштарак бо ҳамтои афғонистонии хеш гуфт: “Дар ҳоли ҳозир дар манотиқи марзии ду кишвар 4 минтақаи озоди иқтисодӣ ва 4 бозорчаи марзӣ фаъолият мекунад. Барои таъмини иртиботи заминии Тоҷикистон ва Афғонистон 6 пул сохта шудааст ва рӯзҳои наздик сохти пули ҳафтум миёни вилояти Хатлон ва вилояти Тахор оғоз мегардад. Тоҷикистон ҳамасола ба Афғонистон 1 миллиарду 500 миллион киловатт соат барқ содир мекунад, ки дар оянда ин мизон афзоиш хоҳад ёфт. Имрӯз дар донишгоҳҳои Тоҷикистон 500 донишҷӯи афғонистонӣ таҳсил мекунанд”.

Дар поёни музокироти раисони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷумҳурии  Афғонистон созишномаҳои ҳамкорӣ дар бахшҳои иқтисодиву тиҷорӣ, амниятиву интизомӣ, ҳамлунақл, энержӣ ва омӯзишиву фарҳангӣ миёни ду кишвар ба имзо расид.

Ҳамчунин барномаи ҳамкории вазоратҳои корҳои дохилаи ду кишвар дар мубориза бо терроризм, ҷиноятҳои созмонёфта ва қочоқи маводи мухаддир барои солҳои 2021 то 2022 имзо шуд.

Яке аз созишномаҳо низ марбут ба ҳамкории Кумитаи давлатии забон ва истилоҳоти Тоҷикистон бо Фарҳангистони улуми Афғонистон аст.

Лозим ба зикр аст, ки нуҳумин нишасти вазирони умури хориҷаи кишварҳои узви ибтикори “Қалби Осиё” дар бораи Афғонистон рӯзи 30 март дар шаҳри Душанбе бо суханронии Эмомалӣ Раҳмон, раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муҳаммад Ашраф Ғанӣ, ҳамтои афғонистонии вай оғоз мегардад.

Бештар бихонед: