Мулоқоти вазирони дохилии Тоҷикистон ва Афғонистон дар шаҳри Душанбе
Март 30, 2021 20:41 Asia/Dushanbe
Вазирони корҳои дохилии Афғонистон ва Тоҷикистон бо якдигар дидору гуфтугӯ карданд.
Ба гузориши Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон, дар ин мулоқот дар бораи тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба барои мубориза бо терроризм ва ҷароими созмонёфта табодули назар шуд.
Ҳамчунин дар ин дидор Рамазон Раҳимзода ва Ҳаётуллоҳи Ҳайат роҳҳои мубориза бо ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир бо ҳадафи эҷоди сулҳу субот дар минтақаро баррасӣ карданд.
Тарафайн таъкид карданд, ки равобити байни нерӯҳои интизомии ду кишвари Афғонистон ва Тоҷикистон бояд беш аз пеш тақвият шавад.
Бештар бихонед:
- Истиқрори гурӯҳҳои террористӣ дар марзи Афғонистон ва Тоҷикистон
- Даргирии нерӯҳои давлатии Афғонистон бо шибҳинизомиёни Толибон дар минтақаи марзии Тоҷикистону Афғонистон
Барчасп