Апрел 03, 2021 18:55 Asia/Dushanbe
  • Танҳо шаҳрвандони рус ва тоҷикҳои дорои иқомат дар Русия тавонистанд ба Маскав парвоз кунанд
    Танҳо шаҳрвандони рус ва тоҷикҳои дорои иқомат дар Русия тавонистанд ба Маскав парвоз кунанд

Ба рағми интизорот аз эъломи барқарории нахустин парвози муназзам миёни Душанбе ва Маскав ва фурӯхта шудани 249 билет ба шаҳрвандони Тоҷикистон, танҳо 10 нафар аз онон тавонистаанд парвоз кунанд .

  Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Тоҷвек, мақомоти ширкати русии Ют эйр гуфтаанд, ки танҳо шаҳрванди русу тоҷикҳои дорои иқомат дар Русия метавонанд парвоз кунанд ва бақияи мусофиронро ба ҳавопаймо роҳ надодаанд .

  Икром Субҳонзода-мудири ширкати миллии ҳавопаймоии Тоҷикистон эълом кардааст, ки далели ин нобасомонӣ сари вақт ворид нашудани тағироти шароити парвоз дар қонунҳои Русия мебошад .

  Вай ба мусофирони бозомонда аз ин парвоз эълом кардааст, ки метавонанд бо парвози рӯзи 9 апрел ба Маскав сафар кунанд.

    Бо ин ҳол ба ин пурсиш, ки ба чӣ далел дар бораи вуҷуди маҳдудият барои парвози ёдшуда ба Русия ба хоҳишмандони парвоз дар Душанбе аз қабл итилоърасонӣ нашуд, ҳеч кас посух надодааст .

    Акнун интизор меравад, ки ин суитафоҳум  рафъ шуда ва мусофирони тоҷик битавонанд рӯзи 9 апрел ба Маскав парвоз кунанд .

 

  Бештар бихонед :

 

Барчасп