Апрел 08, 2021 15:05 Asia/Dushanbe
  • Қатли яке аз сокинони ҷамоати Хастиварз бо зарбаи бел
    Қатли яке аз сокинони ҷамоати Хастиварз бо зарбаи бел

Сокини ноҳияи Хастиварзи Тоҷикистон бо зарбаи бел кушта шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз маркази матбуотии Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон, фарди  маҷрӯҳшуда ба беморхона интиқол дода шуд, аммо дар натиҷаи ҷароҳатҳои вазнин даргузашт. 

 
Полис пас аз таҳқиқот як гумонбари 61-солаи сокини ҷамоати Хастиварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро боздошт кард. 
  
 Эълом шудааст, ки фарди дастгиршуда бо ҳамрустоии 57 солаи худ даргир мешавад ва дар ин ҷанҷол бо зарбаи бел ӯро ба қатл мерасонад.

Тибқи моддаи 110, эзоҳи 3 (расонидани зарари ҷисмонӣ, ки боиси марги ҷабрдида шудааст), нисбати айбдоршаванда дар Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.

 

Бештар бихонед:

Барчасп