Содироти барқ ва пахта аз Тоҷикистон афзоиш ёфт
(last modified Tue, 27 Apr 2021 07:20:25 GMT )
Апрел 27, 2021 12:20 Asia/Dushanbe
  • Содироти  барқи Тоҷикистон имсол тақрибан 10 миллион доллар ва пахта тақрибан 53 миллион долларро ташкил додааст
    Содироти барқи Тоҷикистон имсол тақрибан 10 миллион доллар ва пахта тақрибан 53 миллион долларро ташкил додааст

Созмони давлаитии омори Тоҷикистон аз афзоиши содироти пахта ва барқ дар се моҳи нахусти имсол хабар дод.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Авесто, содироти барқи Тоҷикистон дар се моҳи нахусти имсол  9 миллиону 700 ҳазор доллар арзоварӣ доштааст,  ки дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли пеш  наздик ба 3 миллион доллар афзоиш ёфтааст

Ҳамчунин дар ин муддат аз Тоҷикистон 52 миллиону 600  ҳазор доллар  пахта содир шудааст, ки дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли 2020 наздик ба 16 миллион доллар бештар аст. 

Бо ин ҳол коршиносон аз ин ки 75 дарсади пахтаи Тоҷикистон ба шакли хом ба хориҷ содир мешавад ибрози нигаронӣ мекунанд, зеро ин кишвар  либоси тавлидшуда аз пахтаи содиротии худро се баробар  гаронтар ворид мекунад.

Бо вуҷуди исрори мақомоти расмии Тоҷикистон дар бораи зарурати коркарди пахта дар дохили кишвар ва коҳиши фурӯши ашёи хом дар 20 соли охир, ҳеҷ тағире ба назар нарасидааст.

 

Бештар бихонед: