Май 03, 2021 19:06 Asia/Dushanbe
  • Оилаҳое, ки аз баҳси марзӣ осеб дидаанд, аз ҷониби ҳукумат кумаки молиявӣ мегиранд
    Оилаҳое, ки аз баҳси марзӣ осеб дидаанд, аз ҷониби ҳукумат кумаки молиявӣ мегиранд

Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон дастур додааст, ки хонаҳои осебдида дар даргирии ахири марзӣ бо Қирғизистон аз манобеи будҷаи ҳукуматӣ бозсозӣ шавад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Тоҷ Вик,  раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода  дар нишасти масъулони ин минтақа эълом кардааст, ки бар асоси фармони Эмомалӣ Раҳмон  тамоми  хонаҳои тахрибшуда ва осебдида дар даргирии ахири марзӣ бо Қирғизистон дар ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров ва Исфара дар муддати як моҳ дубора бозсозӣ мешаванд.

Ҳамчунин ба хонаводаҳое, ки аз ин муноқишаи марзӣ хисорат дидаанд, аз ҳисоби давлат, кумаки молӣ пардохт хоҳад шуд. 

Комиссияи вижаи баррасии авоқиби даргирии хунини марзӣ байни Тоҷикистон ва Қирғизистон дар вилояти Суғд эълом кардааст, ки дар ин ҳодиса  14 хона  комилани тахриб ва ба 2 хона ва як мадраса низ хисороте ворид шуд.

Дар даргирии 29 апрел  миёни сокинон ва марзбонони тоҷик ва қирғиз дар вилоятҳои Суғд ва Ботканд аз ҳар ду тараф беш аз 50  тан  кушта ва 300  нафар захмӣ шуданд.

 

Бештар бихонед:

Барчасп