Борони сел хонаҳоро дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ вайрон кард
Сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон аз вайронии 15 хона дар деҳоти Ифтихори ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар вилояти Хатлон бар асари борони сел ва рониши замин хабар дод.
Ба гузориши сомонаи Тоҷвик, Умеда Юсуфӣ гуфтааст, ки пас аз борони селосои ҳафтуми май дар ин минтақа 15 хонаи сокинони рӯстои Ифтихор вайрон шуд.
Вай изҳор кардааст, ки 167 нафар аз сокинони ин хонаҳо ба маҳалил амн кӯчонда ва дар муваққатан дар хаймаҳо ҷой дода шудаанд ва ғизои гарми онҳо низ таъмин мешавад.
Ба гуфтаи вай ин ҳодиса талафоти ҷонӣ надоштааст.
Юсуфӣ афзуд, Ситоди вижае ба раёсати Давлатшоҳ Гулмуҳаммадзода, муовини нахуствазири Тоҷикистон ташкил шудааст то дар заминаи пайдо кардани макони дигаре барои сохти хона барои сокинони ин рустои осебдида тасмимгирӣ кунад.
Дар нахустин нишасти ин ситод дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ тасмим гирифта шуд, ки ба афроди осебдида дар ин ҳодиса дар манотиқи амнтар замин барои сохти хона вогузор шавад.