Май 12, 2021 10:36 Asia/Dushanbe
  • Сайфуллоҳ Сафаров мегӯяд, агар Душанбе Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ ба Тоҷикистон иҷоза диҳад, Душанбе метавонад ба Вашингтон кумак кунад
    Сайфуллоҳ Сафаров мегӯяд, агар Душанбе Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ ба Тоҷикистон иҷоза диҳад, Душанбе метавонад ба Вашингтон кумак кунад

Коршиноси масоили сиёсии Тоҷикистон мӯътақид аст, ки ин кишвар метавонад ба як шарт барои хурӯҷи низомиёни амрикоӣ аз Афғонистон кумак кунад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории русии РИА Новости  муовини собиқи маркази пажӯҳишҳои роҳбурдии вобаста ба ниҳоди раёсат ҷумҳурӣ  Сайфуллоҳ Сафаров гуфтааст, ки  Тоҷикистон метавонад масире барои хурӯҷи низомиёни амрикоӣ аз Афғонистон бошад, аммо барои ин кор бояд муҷаввизи дигар  кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъиро ба даст оварад, ки дар асосномаи ин созмон ба он ишора шудааст. 

Вай мӯътақид аст, ки қаламрави Тоҷикистон ва Узбекистон барои хурӯҷи низомиёни амрикоӣ аз Афғонистон  беҳтарин ва амнтарин масир аст, зеро Тоҷикистон дар соли 2001 бахше аз фурудгоҳи Душанберо дар ихтиёри нерӯи  ҳавоии Фаронса, ки аз амалиёти низомии Амрико ва созмони НАТО дар Афғонистон пуштибонӣ мекард, қарор дода буд. 

Ин дар ҳолест, ки дар рӯзҳои ахир  мақомот ва коршиносони рус ба иддаои  нашрияи амрикоии Вол Стритт Журнал бинобар  ин ки Амрико барои интиқоли низомиёни худ аз Афғонистон ба Тоҷикистони талошҳоеро оғоз кардааст, вокуниши шадид нишон доданд.

 Аз ҷумла Виктор Вадалацкий, муовини аввали комитети умури кишварҳои Ҷомеаи Ҳамсуд ва ҳамгароии Авруосиё дар маҷлиси Думаи Русияи интишори хабари эҳтимоли истиқрори низомиёни амрикоӣ дар Тоҷикистон  пас аз хурӯҷ  аз Афғонистонро хаёлбофии мақомоти Вашингтон хонд ва гуфт: «Аслан ҳарф задан дар ин маврид бемаънӣ аст ки Тоҷикистон ба унвони муттаҳиди роҳбурдии Русия дар СПАД барои чунин коре муҷаввиз диҳад.»

 

Бештар бихонед:

Барчасп