Арабистон ба тоҷикон барои ширкат дар ҳаҷи имсол иҷозат дод
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i66966-Арабистон_ба_тоҷикон_барои_ширкат_дар_ҳаҷи_имсол_иҷозат_дод
Кумитаи давлатии умури дин ва танзими ҷашну маросими Тоҷикистон эълом кард, ки Арабистони Саудӣ бо сафари зоирони тоҷик барои ширкат дар маросими ҳаҷи имсол мувофиқат кардааст.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Май 12, 2021 18:49 Asia/Dushanbe
  • Имкони азсаргирии сафари тоҷикҳо ба Арабистон барои умраи низ дар ҳоли баррасӣ аст
    Имкони азсаргирии сафари тоҷикҳо ба Арабистон барои умраи низ дар ҳоли баррасӣ аст

Кумитаи давлатии умури дин ва танзими ҷашну маросими Тоҷикистон эълом кард, ки Арабистони Саудӣ бо сафари зоирони тоҷик барои ширкат дар маросими ҳаҷи имсол мувофиқат кардааст.

Ба гузориши сомонаи Топ Тҷ, шароити баргузории ҳаҷ то ҳол дақиқ нест ва рӯзҳои наздик эълон хоҳад шуд. Вале тибқи иттилои як манбаи огоҳ, имсол зоироне ба Арабистони Саудӣ сафар карда метавонанд, ки ваксинаи зидди COVID-19 гирифтаанд. Мақомот то ҳол расман ин маълумотро шарҳ надодаанд..

Қабл аз густариши вируси корона ҳамасола 6 ҳазор нафар аз тоҷикҳо барои ширкат дар маросими ба Арабистон сафар мекарданд, ки дар соли 2020 ин раванд мутаваққиф шуд.

 Бештар бихонед: