Мақоми тоҷик марзбонони қирғизро ба оташ задани хонаи як марзнишин муттаҳам кард
(last modified Sun, 16 May 2021 07:23:07 GMT )
Май 16, 2021 12:23 Asia/Dushanbe
  • Ин нахустин ҳодиса пас аз эъломи оташбаси рӯзи аввали моҳи май миёни Тоҷикистону Қирғизистон аст
    Ин нахустин ҳодиса пас аз эъломи оташбаси рӯзи аввали моҳи май миёни Тоҷикистону Қирғизистон аст

Мақомоти маҳаллӣ дар деҳаи Чоркуҳи ноҳияи Исфара марзбонони қирғизро муттаҳам карданд, ки хонаи як сокини рустои Лангарро дар хатти марзи муштараки ду кишвар оташ задаанд .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Тоҷвек, Шукурхон Насриев, раиси ҷамоати Чоркуҳ гуфтааст, ки марзбонони қирғиз шабона зимни оташ задани хонаи Баҳром Ғафуров, сокини рустои Лангар, 230 дарахти зардолуи боғи вайро низ канда ё буридаанд. 

Гуфта мешавад ки Баҳром Ғафуров се сол қабл бо хонаводааш барои кору зиндагӣ ба Русия рафта ва танҳо модараш дар хонаи ӯ монда буд, ки шаби ҳодиса ба назди хешонаш рафта буд .

  Раиси ҷамоати Чоркуҳ муддаӣ аст, ки ин хона дар фосилаи 70 метрии хати марзи Тоҷикистону Қирғизистон воқеъ шудааст ва бо тавваҷуҳ ба ин ки танҳо марзбонони қирғиз дар наздикии ин хона сокин ҳастанд, ин ҷиноят кори онҳост .

Ин нахустин ҳодиса пас аз эъломи оташбаси рӯзи аввали моҳи май миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон аст .

  Дар паии даргирии марзии рӯзҳои 28 ва 29 моҳи апрел миёни сокинону марзбонон дар ноҳияҳои Исфараву Ботканд 56 тан кушта ва беш аз 200 нафар аз ду тараф захмӣ шуданд .

    

  Бештар бихонед :