Кумаки 132 миллиондолларии Бонки Ҷаҳонӣ барои бозсозии роҳҳои Суғду Бадахшон
(last modified Wed, 19 May 2021 10:53:23 GMT )
Май 19, 2021 15:53 Asia/Dushanbe
  • Бо ин кумаки Бонки Ҷаҳонӣ 50 километр аз роҳҳои Суғду Бадахшони Тоҷикистон бозсозӣ хоҳад шуд
    Бо ин кумаки Бонки Ҷаҳонӣ 50 километр аз роҳҳои Суғду Бадахшони Тоҷикистон бозсозӣ хоҳад шуд

Созшномаи ихтисоси кумаки молии ройгони 132 миллиондолларии Бонки Ҷаҳонӣ барои бозсозии роҳҳои Суғду Бадахшон дар Душанбе ба имзои мақомоти Тоҷикистону намояндаи ин ниҳоди молӣ расид.

Ба гузориши сомонаи Тоҷвик, ин созшномаро Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молия, Хуршед Каримзода, раиси Хадамоти давлатии гумруки Тоҷикистон ва Ян Питер Алтерз, намояндаи Бонки Ҷаҳонӣ дар Душанбе имзо карданд.

Ҳадаф аз ин кумаки молӣ беҳбкди амнияти ҳаракати васоили нақлия ва мусофирон, рушди тиҷорати байни марзӣ миёни манотиқи Тоҷикистон бо кишварҳои ҳамсоя ва муқовимсозии ҷодаҳо дар вилоятҳои Суғду Бадахшон дар баробари офатҳои табиӣ унвон шудааст.

Ин манобеи молӣ барои бозсозии 50 километр роҳҳои вилояти Суғд то марзи Узбекистон ва тунелҳо ва ҷодаҳои маркази вилояти Бадахшон то марзи Афғонистони ҳазина хоҳад шуд.

Замони иҷрои ин барнома шаш сол таъин шудааст, ки аз имсол оғоз мегардад.

 

Бештар бихонед: