Май 20, 2021 09:16 Asia/Dushanbe
  • Эмомалӣ Раҳмон барои истиқболи ҳамтои қазоқаш ба фурудгоҳи Душанбе рафт
    Эмомалӣ Раҳмон барои истиқболи ҳамтои қазоқаш ба фурудгоҳи Душанбе рафт

Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамтои қазоқистонии хешро дар фурудгоҳи Душанбе истиқбол кард.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз дафтари матбуотии Раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар фурудгоҳи Душанбе аз Раиси Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим Жомарт Токаев,  ки бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон омадааст, истиқбол кард.

Ду раисҷумҳур дар нахустин дидор дар бора сатҳи кунунии ҳамкориҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва тиҷорӣ, энержӣ, ҳамлу нақл ва фарҳанги  омӯзишӣ ва дурнамоии густариши муносиботи дуҷониба  баҳсу табодули назар карданд.

Ҳамчунин дар кохи берун аз шаҳри раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Варзоб дар шимоли шаҳри Душанбе  маросими шом ба ифтихори раиси ҷумҳурии Қазоқистон баргузор шуд. 

Қарор аст дидор ва гуфтугӯҳои расмии мақомоти ду кишвар ва ҳайатҳои иқтисодӣ ва тиҷории Тоҷикистон ва Қазоқистон  рӯзи панҷшанбе  20 май оғоз гардад. 

Қазоқистон яке аз шарикони аслии тиҷорӣ ва иқтисодии Душанбе аст ки дар тиҷорати хориҷии Тоҷикистон дар соли 2020 милодӣ баъд аз Русия дар рутбаи дувум қарор гирифт. 

Дар 3 моҳаи аввали имсол тиҷорати дуҷониба байни Тоҷикистон ва Қазоқистон 271  миллион доллар будааст.

 

Бештар бихонед:

Барчасп