Июн 02, 2021 10:16 Asia/Dushanbe
  • Иззат Амон ба боздоштгоҳи Вазорати адлияи Тоҷикистон мунтақил шуд

Иззат Амон, мудофеъи ҳуқуқи коргарони муҳоҷири тоҷик ба боздоштгоҳи Вазорати адлияи Тоҷикистон мунтақил шудааст.

Ба гузориши сомонаи Топ Тҷ, вай ки то ба ҳол дар Боздоштгоҳи вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон нигаҳдорӣ мешуд, акнӯн ба боздоштгоҳи шумораи як Вазорати адлияи Тоҷикистон мунтақил шудааст.

Қаблан додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ҳукми боздошти муваққати Иззат Амонро ду моҳи дигар тамдид кард, ки то аввали июли соли ҷорӣ таҳти бозҷӯӣ қарор хоҳад дошт. Муҳаммадюсуф Имомов, фарзанди Иззат Амон мегуяд, ки падараш аз тӯлони шудани ҷараёни бозҷӯиҳо норозӣ мебошад.

Ба гуфтаи бозҷӯиҳо акнӯн 11 нафар аз Иззат Амон шикоят доранд, ки вай дар Русия барои мусоидат дар озодии бастагонашон аз онон маблағҳо дарёфт карда, вале амалан коре анҷом надодааст. Дар моҳи апрели имсол додгоҳи шаҳри Маскав бо судӯри ҳукме, гузарномаи русии Иззат Амонро лағв ва ӯро бар асоси банди 18-и қонӯни ҷиноии Русия марбӯт ба поймол кардани қавонини кору зиндагӣ дар ин кишвар ба пардохти ҷарима ва истирдод ба Тоҷикистон маҳкӯм кард.

Вай ба маҳзи вурӯд ба Душанбе боздошт шуд ва Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон эълом кардааст, ки алайҳи ин шаҳрванди тоҷик ба иттиҳоми қаллобӣ парвандаи қазоӣ ташкил шудааст.

Аммо наздикони Иззат Амон муътақиданд, ки далели аслии боздошт ва ихроҷи вай аз Русия, интиқоди ӯ аз камтаваҷҷӯҳии ҳукӯмат ба мавзӯи мушкилоти коргарони муҳоҷир тоҷик мебошад.

Бештар бихонед:

Барчасп