Июн 03, 2021 09:01 Asia/Dushanbe
  • Назари коршиноси масоили сиёсии Тоҷикистон дар бораи муноқишоти марзии ин кишвар бо Қирғизистон

Коршиноси масоили сиёсии Тоҷикистон гуфт, тӯлонӣ шудани ихтилофоти марзӣ ба нафъи Қирғизистон тамом хоҳад шуд.

Ба гузориши сомонаи Тоҷвик, Неъматуллоҳ Мирсаидов, ки худ мутаваллиди фармондории Чоркӯҳи ноҳияи Исфара аст бо ишора ба иҷроб нашудани тавофуқи аломатгузории 112 километр аз марзи муштарак, сафар накардани раисиҷумҳури Қирғизистон ба Тоҷикистон, бидуни натиҷа будани ду нишасти гурӯҳҳои нақшабардории ду кишвар афзӯд, ин авзоъ ба нафъи Тоҷикистон нест.

Вай гуфт, зеро тарафи Қирғизистон тайи беш аз ду даҳаи ахир бо худдорӣ аз ҳалли ихтилофоти марзӣ ва тавофуқ накардан бар сари аломатгузории марзи 976 километрӣ бо Тоҷикистон ҳар бор дархостаҳои ҷадиде дар бораи ҳаққи моликияти хеш бар заминҳои ноҳияи Исфара матраҳ мекунад, ки ғайриқобили пазириш аст.

Коршиноси масоили сиёсии Тоҷикистон идома дод, ҳалли мушкили аломатгузории манотиқи марзии мавриди ихтилофи Тоҷикистон ва Қирғизистон  бояд бо коршиносӣ бошад, ки муттаассифона тарафи тоҷик бо шитоб мехоҳад ҳарчӣ зуддтар ба тавофуқи ниҳоӣ даст ёбад.

Аз дидгоҳи Мирсадов бо гузашти беш аз ду моҳ аз даргирии марзӣ миёни марзбонони ду кишвар, мардум дар манотқи марзӣ эҳсоси амният намекунанд.

Бештар бихонед:

Барчасп