Баёнияи Маркази исломии Тоҷикистон дар бораи сафари ҳаҷ
-
Баёнияи Маркази исломии Тоҷикистон дар бораи сафари ҳаҷ
Роҳбари Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон гуфт: "Имсол ба далели хатари ибтило ба корона зарурате барои сафари атбои тоҷик ба Арабистони Саудӣ ва анҷоми фаризаи ҳаҷ вуҷуд надорад.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, мақомоти Арабистони Саудӣ эълом карданд ба далели шуюъи корона имсол низ зоирон наметавонанд барои анҷоми фаризаи ҳаҷ ба ин кишвар сафар кунанд.Онҳо гуфтанд имсол фақат шаҳрвандоне, ки дар Арабистон зиндагӣ мекунанд, фаризаи ҳаҷро метавонанд ба ҷо оваранд.
Саидмукаррам Абдулқодирзода раиси шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистони ҳам дар ин бора гуфт: Афроде, ки мехостанд имсол ба сафари ҳаҷ бираванд, бо тавваҷӯҳ ба мамнӯъ шудани сафар ба Арабистон метавонанд маблағеро, ки мехостанд барои маросими ҳаҷ ҳазина кунанд барои анҷоми умури омулманфиа монанди кумак ба ятимон, мустамандон ва ё барои бозсозии манзил дар назар бигиранд.
Вай бо ишора ба ҳадисе аз Паёмбари ислом ( с ) бо ин мазмун, ки "Агар мехоҳед худованди мутаъол саъодати доимии шуморо ба армуғон оварад, ҳамеша аз ниёзмандон ҳимоят ва барои саъодати дигарон талош ва кумак кунед ". Ба шаҳрвандони Тоҷикистон тавсия кард, барои саъодатманд шудан дар дунё ва охират дар анҷоми корҳои хайрхоҳона пешқадам шаванд.
Раиси шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон ҳамчунин дар идома аз шаҳрвандоне, ки имсол қасди зиёрати хонаи худоро доштанд, аммо ба далели шароити коронаӣ натавонистанд ба ин сафар бираванд хост, пасандози худ барои пешрафт ва ободонии кишвар ҳазина кунанд.