Роҳандозии сомонаи электроникии бақайдгирии ҷиноятҳо дар Тоҷикистон
Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистони сомонаи электроникии бақайдгирии ҷиноятҳоро роҳандозӣ кард .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақли аз сомонаи Ховар, мақомоти ин вазоратхона эълом карданд ин сомона бо кумаки 662 ҳазор долларии сафоратхонаи Амрико дар Тоҷикистон роҳандозӣ шудааст.
Ин сомона феълан дар идораҳои полиси шаҳри Душанбе роҳандозӣ шудааст, вале ба тадриҷ дар тамоми марказҳои полиси Тоҷикистон аз он истифода хоҳад шуд.
Ҳадаф аз роҳандозии ин сомона пайгирии фаврии ҷиноят, осонсозии дастрасии кормандони полис ба собиқаи ҷинояткорон ва боздошти гумонбарон эълом шудааст .
Ҳамчунин ин сомона заминаи бақайдгирии шикоятҳои сокинони Тоҷикистон ва расидагии саривақтӣ ба дархостҳои онҳоро ҳам фароҳам мекунад .
Ба 225 корманди Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон низ барои истифода аз ин сомона омӯзиш дода шудааст.