Шуюъи дубораи корона дар Тоҷикистон ва зарурати риояти шеваномаҳои тандурустӣ
(last modified Sat, 03 Jul 2021 04:13:35 GMT )
Июл 03, 2021 09:13 Asia/Dushanbe

Бо паҳншавии дубораи корона дар Тоҷикистон мутахассисон аз шаҳрвандон мехоҳанд шеваномаҳои саломатиро риоя кунанд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, аз 23 март ваксинатсияи умумӣ дар Тоҷикистон оғоз шудааст.

Аммо мутахассисон мегӯянд фақат замоне занҷираи беморӣ қатъ мешавад, ки беш аз 70 дарсади шаҳрвандони кишвар алайҳи ин беморӣ ваксинатсия шаванд.

Бо тавваҷӯҳ ба шуюъи дубораи корона дар Тоҷикистон, ҳамчунон  риояти шеваномаҳои саломатӣ беҳтарин равиш барои пешгирӣ аз гирифтор шудан ба корона аст.

Наврӯз Тасуров сардори Раёсати тандурустӣ ва эпидемиологияи Вазорати тандурустии Тоҷикистон мегӯяд, алоими бемории корона, ки дубора дар Тоҷикистони шуюъ пайдо карда бо нишонаҳои навъи қаблии бемории корона фарқ мекунад.