Июл 17, 2021 09:05 Asia/Dushanbe
  • Акнун сомонаи интерентии мудирияти судури раводид дар марзҳо фаъол аст ва номҳои қарздорон дар ин система н манъи сафар сабт шудаанд.
    Акнун сомонаи интерентии мудирияти судури раводид дар марзҳо фаъол аст ва номҳои қарздорон дар ин система н манъи сафар сабт шудаанд.

Муовини мудири хадамоти иҷроии вобаста ба раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон аз боздошти 11 қарздори молӣ ҳангоми фирор аз ин кишвар хабар дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Ховар, Юсуфҷон Юсуфзода дар нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, ин афрод ҳангоми талош барои убур аз гузаргоҳҳои марзии Тоҷикистон боздошт шуда ва маблағи қарзи худро пардохт кардаанд.

Ба гуфтаи вай дар ҳоли ҳозир ҳазору 67 нафар аз сокинони Тоҷикистон ба далели доштани қарзи молӣ наметавонанд ба хориҷ аз ин кишвар сафар кунанд.

Акнун сомонаи интерентии мудирияти судури раводид дар марзҳо фаъол аст ва номҳои қарздорон дар ин система ҳамчун манъи сафар сабт шудаанд.

Та1и шаш моҳи нахусти соли ҷорӣ аз тарафи қарздорони молӣ 81 миллиону 100  ҳазор сомонӣ, 1 миллиону 300 ҳазор доллар ва 3  миллиону 400 ҳазор рубли русӣ ба банкҳо пардохт шудааст.

Юсуфзода таъкид кардааст, ки тайи шаш моҳи нахусти соли ҷорӣ парвандаи 247 қарздори молӣ ба додгоҳҳо ирсол шудааст, ки 181 тан аз онон таҳти пайгарди қазои қарор гирифтаанд.

 

Бештар бихонед:

Барчасп