Июл 20, 2021 11:09 Asia/Dushanbe

Бархе аз сокинони шаҳру ноҳияҳои Суғд аз қатъ шудани барқ ​​шикоят доранд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, сокинони ноҳияҳои Ашт, Бобоҷон Ғафуров, Зафаробод, Деваштич, Айнӣ ва Истаравшан низ аз ин вазъ шикоят доранд.

Вазири энержии Тоҷикистон Далер Ҷумъа сабаби хомӯш шудани барқро гарм шудани ҳаво баён кард.

Муҳсин Аҳмадзода, раиси идораи барқи  Суғд низ сабаби қатъ шудани барқро ба гарм шудани ҳаво ва таъсири он ба таҷҳизоти тавлид ва интиқоли барқ ​​марбут донист.

Ба гуфтаи масъулин, агар ҳарорат паст шавад, мушкили қатъи барқ ​​аз байн хоҳад рафт.

Барчасп