Июл 23, 2021 21:19 Asia/Dushanbe
  • Сабти 68 мавриди ҷадиди ибтило ва як фавт бар асари корона дар Тоҷикистон

Вазорати тандурустии Тоҷикистон аз сабти як мавриди фавт бар асари бемории Ковид -19 тайи 24 соати гузашта дар кишвар хабар дод.

Ба гузориши сомонаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, бо ҳисоби ин як маврид фавт дар шабонарӯзи ахир, маҷмӯи теъдоди фавтиҳои корона дар кишвар ба 116 нафар расид.

Ҳамчунин бо шиносоии 68 бемори дигар, теъдоди мубталоён ба Ковид- 19 дар Тоҷикистон ба 14 ҳазору 359 нафар расид.

Аз ин теъдод 13 ҳазору 902 нафар беҳбуд ёфтаанд.

Ҳамчунин гуфта мешавад, ки тайи шабонарӯзи охир 56 нафар аз беморони мубтало ба Ковид -19 дар Тоҷикистон дармон шуданд.

Ҳамзамон то 22 июли соли ҷорӣ 447 ҳазору 114 нафар дар Тоҷикистон дозаи нахусти ваксинаи корона ва 20 ҳазор нафар дозаи дувуми онро дарёфт кардаанд.

 

 

 

Барчасп