Талоши варзишгарони тоҷик барои касби нишонҳои олимпии Токио
Ғолибони медалҳои олимпӣ дар Тоҷикистон соҳиби хона шуданд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз комитети миллии олимпии Тоҷикистон, ба варзишгаре, ки битавонад нишони тилло дар рақобатҳои олимпиии Токио касб кунад як хонаи 4 ҳуҷра дар шаҳри Душанбе вогузор мешавад.
Ба дорандаи нишони нуқра инчунин хонаи 3-ҳуҷрагӣ тақдим карда мешавад. Варзишгаре, ки медали биринҷиро ба даст оварад, дар Душанбе хонаи дуҳуҷрагӣ мегирад.
Ҷоизаи Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон низ ба варзишгаре, ки нишони тилло дар мусобиқоти ҷаҳонӣ ва ё олимпӣ касб кунад 300 ҳазор сомонӣ аст.
Ҳамчунин ба варзишгароне, ки нишони нуқраро ба даст оваранд 250 ҳазор сомонӣ эҳдо мешавад.
Бар асоси ин қонун 200 ҳазор сомонӣ ҳам ба нафари сеюми мусобиқоти ҷаҳонӣ ва ё олимпӣ пардохт мешавад.
Сиву дуввумин бозиҳои олимпӣ аз 23 июл то 8 август дар Токиои Ҷопон баргузор мешавад.
10 варзишгари Тоҷикистон дар олмимпиадаи 2020 Токио ҳузур доранд.