Июл 25, 2021 12:57 Asia/Dushanbe
  • Ҳеч маҳдӯдияте барои пахши ахбори фавти шахсиятҳои маъруф аз Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон нест

Раиси Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон гуфт, ҳеч мақоме пахши ахбори фавти машоҳири кишварро мамнӯъ накардааст.

Ба гузориши Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон, корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ менависанд, ки шабакаҳои телевизионии хабарӣ аз фавт ва ё солгарди таваллуди афроди шинохта шуда пахш намекунанд.

Интиқодҳо бавижа дар рӯзҳои ахир афзоиш ёфтааст, зеро бисёре аз афроди номдори Тоҷикистон ба далели ибтило ба корона ҷони худро аз даст доданд.

Нуриддин Саид дар нишасти хабарӣ ва дар посух ба ин пурсиш, ки чаро гузорише дар мавриди даргузашти шахсони номдори Тоҷикистон дар улуми мухталиф гузорише пахш намешавад гуфт, рӯзномаи Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон ин ахборро мунташир мекунад.

Вай гуфт, мо бо бузургдошти шахсиятҳои машҳур мухолиф нестем.

Нуриддин Саид таъкид кормандони ин кумита ба ҳечкадом аз шабакаҳои телевизиюнӣ ва радиоӣ дастур надодааст, ки ахбори марбӯт ба марг ва солгарди таваллуди мафохирро пахш накунад.

Вай гуфт, мо ҳамоиши теъдоди зиёде аз адибон ва фарҳехтагони кишварро пахш кардем.

Тайи шаш моҳи гузашта, шахсиятҳои шинохтаи тоҷик ба далели ибтило ба корона ҷони худро аз даст донад.

 

Барчасп