Июл 25, 2021 13:14 Asia/Dushanbe
  • Гуфтугӯи телефонии вазарони дифои Русия ва Тоҷикистон

Вазирони мудофиаи Русия ва Тоҷикистон ваъзи пешомада дар Афғонистонро баррасӣ намуданд.

Ба гузориши сомонаи Спутник, вазири мудофиаи Русия генерали артиш Сергей Шойгу бо ҳамтои тоҷикаш Шералӣ Мирзо вазъи ноороми Афғонистонро баррасӣ кард.

Дар ин бора вазорати дифои Федератсияи Русия хабар медиҳад. Ин суҳбат чанде қабл баргузор шуд ва дар ҷараёни он Сергей Шойгу ва Шералӣ Мирзо чораҳои бартараф сохтани таҳдидҳои марбут ба муноқишаи мусаллаҳона дар Афғонистонро муҳокима карданд.

Ғайр аз он, вазирони мудофиа оид ба марзи байни ду ҷумҳурӣ табодули афкор карданд.

Ба навиштаи манбаъ,"Дар ҷараёни музокирот ҷонибҳо вазъи минтақаи марзии Тоҷикистону Афғонистон ва тадбирҳои муштаракро барои безарар кардани таҳдидҳои марбут ба пуршиддат шудани вазъ дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон баррасӣ карданд".

Қаблан вазорати умури дохилаи Афғонистон аз 34 вилояти ин кишвар дар 31-тоаш соати комендантӣ эълон карда буд. Ин тадбирро мақомоти ҷумҳуриявӣ барои маҳдуд кардани ҳаракати аъзои ҷунбиши радикалии Толибон, ки дар Русия ва Тоҷикистон фаъолияти он мамнӯъ аст, роҳандозӣ кард.

Ёдовар мешавем, ки аз аввали моҳи май дар Афғонистон муноқишаи мусаллаҳона байни Толибон ва нерӯҳои давлатӣ идома дорад. Ба гуфтаи ҷангиён, дар ҳоли ҳозир онҳо то 85% қаламрави кишварро таҳти назорат доранд.

Бештар бихонед:

 

 

 

 

Барчасп