Таҷаммуи шаҳрвандони Тоҷикистон дар марзҳои Узбакистон
Садҳо шаҳрванди Тоҷикистон барои вуруд ба Узбакистон, дар марзҳои ин кишвар ҷамъ омадаанд.
Ба гузориши хабаргузории “Форс”, ин шаҳрвандони тоҷик, ки қасди сафар ба Русия доранд, дар гузаргоҳи марзии Фотеҳобод (Ойбек), дар марзи Узбакистон таҷаммуъ кардаанд.
Пас аз он ки Қирғизистон марзҳои худро бо Тоҷикистон баст, бисёре аз шаҳрвандони тоҷик барои рафтан ба Русия аз қаламрави Узбакистон убур мекарданд.
Аммо аз ду рӯзи пеш ва баъд аз он ки марзбонони тоҷик танҳо ба шаҳрвандони ӯзбак иҷозаи вуруд ба кишвари ҳамсоя аз тариқи гузаргоҳи марзии Фотеҳободро доданд, теъдоди шаҳрванди Тоҷикистон, ки мунтазири дарёфти ҳаққи убур аз қаламрави Узбакистон ба мақсади Русия ҳастанд, ба садҳо нафар расидааст.
Ин дар ҳоле аст, ки парвозҳо миёни Душанбе ва Тошканд мураттаб анҷом мешавад ва ҳаракати мошинҳои боркаши Тоҷикистон аз қаламрави Узбакистон низ бидуни монеа аст.
Феълан далоили масдуд шудани вуруди шаҳрвандони тоҷик аз тариқи заминӣ ба хоки Узбакистон эълом нашудааст.
Бештар бихонед:
- Тоҷикистону Узбакистон пас аз марзбандии Қирғизистон осонсозии рафту омадро баррасӣ карданд
- Афзоиши парвозҳо миёни Тоҷикистон ва Узбакистон