Шиносоии 69 бемори ҷадиди Ковид 19 дар Тоҷикистон
Август 03, 2021 10:19 Asia/Dushanbe
Вазорати тандурустии Тоҷикистон аз шиносоии 69 бемори дигари мубтало ба Ковид 19 дар 24 соати гузашта дар кишвар хабар дод.
Ба нақл аз сомонаи вазорати тандурустӣ, ҳамчунин 76 нафар пас аз муоилиҷа солим гардонида шуданд.
Дар маҷмӯъ, аз аввали бақайдгирӣ то имрӯз, 2 август дар кишвар 15219 нафар гирифторони сирояти коронавируси нави Ковид 19 ба қайд гирифта шуда, аз ин шумора то санаи зикргардида 14705 нафар шифо ёфтаанд.
Ҳамзамон, бар асари бемории мазкур 121 нафар фавтидаанд.
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон аз тамоми сокинони кишвар даъват ба амал меорад, ки дар ҷойҳои ҷамъиятӣ қоидаҳои пешгирикунандаи бемории коронавирусро қатъиян риоя намоянд.
Бештар бихонед: